Президент

Президенти мамлакат дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара боғи фарҳангию фароғатӣ ва ҳавзи моҳипарвариро ифтитоҳ намуданд

Дар деҳаи Пушинг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Боғи фарҳангию фароғатӣ ва ҳавзи моҳипарвариро ифтитоҳ карданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии деҳқонии ба номи «Ҳоҷӣ Лайло» дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара боздид намуданд

Дар идомаи сафари корӣ дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Лайло» боздид ба амал оварданд.

Дар ин ҷо Сарвари давлат бо фаъолияти хоҷагидорон, дастовардҳои онҳо шинос шуда, бо коргарон доир ба масъалаҳои истифодаи самараноки замин, истеҳсоли маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ, рушди боғот ва таъмини амнияти озуқаворӣ, суҳбати самимӣ доир карданд.

Страницы