Дар идомаи сафари корӣ дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Лайло» боздид ба амал оварданд.
Дар ин ҷо Сарвари давлат бо фаъолияти хоҷагидорон, дастовардҳои онҳо шинос шуда, бо коргарон доир ба масъалаҳои истифодаи самараноки замин, истеҳсоли маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ, рушди боғот ва таъмини амнияти озуқаворӣ, суҳбати самимӣ доир карданд.
Хоҷагии деҳқонии ба номи “Ҳоҷӣ Лайло” яке аз хоҷагиҳои пешқадами деҳоти Пушинг мебошад, ки майдони зиёди заминҳои боирро обёрӣ карда, аз он барои беҳдошти шароити иқтисодию иҷтимоии аъзои хоҷагӣ ва фаровонии бозори истеъмолии деҳа самаранок истифода мебаранд.
Масоҳати умумии заминҳои хоҷагӣ 30 гектарро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор замини ҳосилдеҳ дар майдони 0,40 га 12 гармхона бунёд шудааст. Дар ин ҷо бо усули хос лиму, помидор, бодиринг, карам, гулкарам ва дигар сабзавот парвариш меёбад. Чун ҳамаи қоидаҳои агротехникӣ риоя мегарданд, ҳосили ниҳолҳои лиму ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ хуб аст.
Дар хоҷагӣ ба таври мавсимию доимӣ ҳамагӣ 30 нафар бо кор таъмин шудаанд.
Дар масоҳати 2 гектар хоҷагидорон токзор бунёд карда, ангурҳои навъи сиёҳ, сафед ва шоҳона парвариш мекунанд.
Дар беш аз 25 гектари майдони боқимондаи заминҳои хоҷагӣ дарахтони гуногуни мевадиҳандаи олуи сиёҳ, бодом, гелос, зардолу, себ, хурмо, шафтолу ва хуч шинонида шудааст, ки аллакай ба ҳосил даромадааст.
Барои беталаф нигоҳ доштани ҳосили боғот коргарони хоҷагӣ дар назди заминҳои кишт бо ғунҷоиши 400 тонна маҳсулот сардхона сохта шудааст.
Барои обёрии заминҳо ҳавзи об бо ғунҷоиши 400 куб бунёд гардида, дар он парвариши моҳиҳо ба роҳ монда шудааст.
Аъзоёни Хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷи Лайло” аз ҳисоби даромади софи хоҷагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолият дар деҳаи Оличадараи деҳоти Себистон як бунгоҳи замонавӣ бо таҷҳизот, доруворӣ, мизу курсӣ сохта ба истифода доданд.
АМИТ «Ховар»