Президент

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Боғи Парчам, Нишон ва варзишгоҳ бо растаи ҳунармандонро ифтитоҳ ва бо сокинони деҳаи Пушинг мулоқот намуданд

Дар як мавзеи хушбоду ҳавои деҳаи Пушинг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи навро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо сокинону фаъолони деҳа мулоқоти самимӣ доир карданд.

Яке аз иншоотҳои арзандаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сокинони деҳаи Пушинг бунёд кардаанд — Маҷмааи калони майдони Парчам ва Нишони давлатӣ бо варзишгоҳ ва растаи ҳунармандон мебошад.

Боғи фарҳангию фароғатӣ ва майдончаи варзишӣ дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара ифтитоҳ гардид

Дар назди таваллудхона ва паҳлӯи мактаби навбунёд аз ҷониби соҳибкорони деҳа як мавзеи нообод ба маркази фарҳангию фароғатии “Пушинг” сайргоҳи мардум табдил дода шуд.

Масоҳати боғчаи фароғатӣ 0,70 гектарро ташкил дода, он ба таври замонавӣ бо истифода аз таҷҳизоти равшанидиҳанда оро дода шудааст. Равшан шудани роҳравҳо, бо чароғҳои ранга кашидани суратҳои диққатҷалбкунанда, 2 суҳбаткада ва нишастгоҳҳо аз ороишоти маркази истироҳату фароғат мебошад.

САФАРИ КОРИИ ПРЕЗИДЕНТ БА ДАНҒАРА: дар деҳаи Пушинг таваллудхонаи муосир мавриди истифода қарор гирифт

Дар маркази деҳаи Пушинг бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои таваллудхонаи муосир дар шафати муассисаи нави таълимӣ ифтитоҳ ёфт.

Беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, дастрасӣ ба хизматрасонии муосири тиббӣ, пешгирии бемориҳои гуногун, коҳиш додани хавфи фавти модару кӯдак ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар қарор дорад.

Страницы