Суханронии Пешвои миллат дар маросими ифтитоҳи бинои нави таълимии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
Опубликовано вт, 30/08/2016 - 10:21 пользователем admin30.08.2016, шаҳри Душанбе
Муҳтарам устодон ва донишҷӯён!
Дӯстони азиз!
Басо рамзист, ки дари бинои нави таълимии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дар арафаи таҷлили ду санаи ҷашнии ба ҳам алоқаманд-биступанҷумин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвари мо ва бистсолагии фаъолияти донишгоҳ боз шуд.
Биное, ки мо имрӯз ифтитоҳ намудем, дар давоми ду сол сохта шуда, бо технологияҳои пешрафтаи таълимӣ муҷаҳҳаз гардидааст.