Президент

Ифтитоҳи мактаби №33 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии раками 33-ро ифтитоҳ намуданд.

Хонандагон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо шукуҳи хоса ва қадршиносӣ аз талошҳои Пешвои миллат нисбат ба насли ояндаи кишвар истиқбол гирифтанд.

Ифтитоҳи корхонаи коркарди нӯшокиҳои ташнашикани ҶДММ “Сомон” дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, дар Ҷамоати деҳоти “Навобод” марҳилаи дуюми корхонаи коркарди нӯшокиҳои ташнашикани Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Сомон”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Иштирок дар намоиши театрикунонидашудаи аҳли фарҳанги вилояти Хатлон

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Қӯрғонтеппа дар намоиши театрикунонидашудаи аҳли фарҳанги вилоят ба муносибати истиқболи сазовори ҷашни бузурги умумимиллӣ 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Страницы