Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни бузурги умумимиллӣ 25 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои пойтахт иншооти таъиноти гуногунро ифтитоҳ карда, бо сокинон суҳбату мулоқоти судманд доир карданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бинои нави Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди буридани лентаи рамзӣ бо шароити таълим дар бинои нав шинос шуданд.
Фармоишгар Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сур-саф” мебошад. Соли 2011 — ум Президени мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди ин иншоот санги асос гузошта буданд ва корҳо аз моҳи июни соли 2012 оғоз шуд.
Барои бунёди иншооти мазкур 50 миллион сомонӣ маблағ сарф шудааст. Бинои таълимӣ аз 3 иморати 5 ошёна иборат мебошад ва барои 1072 нафар донишҷӯ пешбинӣ шудааст.
Масоҳати умумии бинои нав 15 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад ва барои таҳсили донишҷӯён дар шароити муосир басо созгор аст. Дар таҳхона ошхона бо 280 ҷойи нишаст, 5 адад озмоишгоҳи химия, физика ва биология сохта шудааст. Дар бинои нав толори варзишӣ бо 195 ҷой барои тамошобин, 3 утоқи лингофонӣ бо 50 ҷой, толори машваратӣ бо 20 ҷой, озмоишгоҳи криминалӣ, маҷлисгоҳ бо 560 ҷой, маркази матбуотӣ бо студияи радио ва телевизион, аудиторияҳо бо 280 ҷой, 2 синфхонаи компютерӣ бо 70 ҷойи нишаст ва дар ошёнаи панҷум китобхонаи электронӣ бо 50 ҷой мавҷуд аст.
Ин муассисаи олии таълимӣ яке аз калонтарин донишгоҳҳои кишвар ба шумор рафта, соли 1996 дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон бо Федератсияи Русия таъсис ёфтааст. Дар донишгоҳ аз рӯйи 18 равияи бакалавриат, 11 равияи таълимии магистратура зиёда аз 20 барномаи магистрӣ, 2 равияи докторантура ва 3 равияи аспирантура фаъолияти таълимӣ ва илмӣ-тадқиқот бурда мешавад.
282 нафар омӯзгор, аз ҷумла 44 доктори илм ва 126 номзади илм дар факултаҳои филологӣ, таърихи муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва идоракунӣ ва технологияи иттилоотӣ, ба донишҷӯён дарс медиҳанд.
Аз рӯзи таъсис то имрӯз зиёда аз 20 ҳазор нафар донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистонро хатм кардааст.
Зимни шиносоӣ аз имкониятҳои таълимии донишгоҳ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯён суҳбати самимӣ доир карда, ифтитоҳи биноро ба онҳо муборакбод гуфтанд. Сарвари давлат ҷавононро ба омӯзиши амиқи илмҳои замони муосир, технологияи компютерӣ ва забонҳои хориҷӣ ҳидоят карданд.
Баъди шиносоӣ бо шароити таълим дар бинои нави Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори маҷлис дар назди устодону донишҷӯён суханронӣ намуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таҷлили 25 — умин солгарди истиқлолияти давлатӣ ва ифтитоҳи бинои нави донишгоҳро муборакбод гуфта, зимни баромади худ, аз ҳамгироии бисёрҷонибаи Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои калидии ҳамкорӣ — сиёсату иқтисодиёт, тиҷорату сармоягузорӣ, маориф, илм ва фарҳанг, мудофиа ва амният изҳори қаноатмандӣ карданд.