Президент

Оғози фаъолияти корхонаи истеҳсолии “Дунёи нав” дар шаҳри Душанбе

Имрӯз дар кӯчаи “Соҳилӣ”-и шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти корхонаи истеҳсолии “Дунёи нав” расман оғоз бахшиданд.

Ин бино аз 8 ошёна иборат буда, бо назардошти муосиртарин талаботи шаҳрсозӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Ифтитоҳи мактаби №101 барои 1200 нафар хонанда дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

Дар доираи таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 101 барои 1 ҳазору 200 нафар хонанда мавриди баҳрабардорӣ карор гирифт, ки имрӯз дар маросими ба истифодадиҳии он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд.

Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистонро дар давоми 20 сол беш аз 12 ҳазор нафар ҷавонон хатм намуданд

«Имрӯз Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон бо технологияҳои муосири таълимӣ муҷаҳҳаз гардида, дар он кадрҳои доираи васеи ихтисосҳо омода карда мешаванд. Дар донишгоҳ беш аз 170 нафар докторон ва номзадони илм рисолати касбии худро адо мекунанд.

Страницы