Тоҷикистон ва ҷаҳон

Робитаҳои тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сатҳи сифатан нав баромаданд

Робитаҳои тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сатҳи сифатан нав баромаданд ва барои густариш додани муносибатҳо миёни субъектҳои ҳарду ҷониб тамоми имкониятҳо мавҷуданд. Дар ин бора имрӯз, 3 август Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

«Суғдиён»-и Ӯзбекистон дар Бадахшони Тоҷикистон ҳунарнамоӣ кард

Гурӯҳи ҳунарии «Суғдиён» аз кишвари ба мо дӯсту ҳамсояи Ӯзбекистон ҳамроҳ бо гурӯҳи рақсии ТРИО  дар Фестивали байналмилалии мусиқии «Боми ҷаҳон» бо рақсу таронаҳои зебои худ дили садҳо нафар аз тамошобинонро тасхир кард. 

Имрӯз дар Душанбе ҳавои софу беғубор дар назар аст

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво  камабри тағйирёбанда шуда, ҳарорати шабона муътадил боқӣ мемонад ва  рӯзона ҳарорат нисбат ба рӯзҳои қаблӣ 1-2 дараҷа баланд мегардад. Ин гуна вазъи обу ҳаво то 7 август идома хоҳад ёфт.

Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, ҳаво дар водиҳо шабона +17+22 ва рӯзона +35+40 дараҷа гарм мешавад.

Страницы