Робитаҳои тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сатҳи сифатан нав баромаданд ва барои густариш додани муносибатҳо миёни субъектҳои ҳарду ҷониб тамоми имкониятҳо мавҷуданд. Дар ин бора имрӯз, 3 август Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Дар нишаст зикр шуд, ки сафарҳои ояндаи сатҳи олӣ имконият медиҳанд, ки дар ин раванд пешравиҳо таъмин гарданд. «Мо ният дорем, ки гардиши савдои хориҷии байни ду давлатро ба як миллиард доллари америкоӣ расонем, ки ин албатта вақт талаб мекунад»,-илова намуд Неъматулло Ҳикматуллозода.
Ба иттилои Вазири рушди иқтисод ва савдо, тибқи нишондиҳандаҳои нимсолаи аввали соли равон гардиши савдои хориҷӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба 128,3 миллион доллари америкоӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 69, 7 миллион доллари америкоӣ зиёд мебошад.
Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ содироти мол аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон 75 миллион доллар ва воридот аз ин давлат 53,3 миллион долларро ташкил намуд, ки тавозуни савдо аз ҷониби Тоҷикистон 21,7 миллион доллар мусбӣ арзёбӣ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ба масъалаи густариши гардиши савдо байни ду давлати ба ҳам дӯст зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқоти ӯ бо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати махсус зоҳир карда шуд.
АМИТ "Ховар"