Тоҷикистон ва ҷаҳон

Оғози корҳои сохтмонӣ барои бунёди Маҷмааи миллии соҳибкории 16 — ошёнаи «Роҳи абрешим» дар шаҳри Истаравшан

Дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди Маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим» санги асос гузоштанд.

Ифтитоҳи Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Муғ” баъди азнавсозӣ ва иштирок дар таҷлили ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Нимаи дуюми рӯзи 25 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Муғ”-ро, ки бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра азнавсозӣ гардид, ифтитоҳ намуда, дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Ҳамдардии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вафоти академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми таърих Раҳим Масов

Имрӯз, 21-уми июни соли 2018 доктори илми таърих, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Масов дар синни 79-солагӣ аз олам даргузашт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хешу ақрабо, наздикони марҳум, инчунин, ба аҳли илми тоҷик ҳамдардии амиқ изҳор намуданд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

Страницы