Тоҷикистон ва ҷаҳон

Гурӯҳи корӣ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ бо аҳолии шаҳри Кӯлоб вохӯрӣ намуд

Дирӯз дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва равияҳои номатлуби замони муосир ҷамъомад баргузор гардид.

Дар ҷамъомади мазкур Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеъа Абдуҷаббор Раҳмонзода, муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳо иштирок доштанд.

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорат то ба 38 дараҷа мерасад

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво қисман камабри тағйирёбанда шуда, ҳарорат  шабона муътадил боқӣ монда, рӯзона дар бештари ноҳияҳо то 3538 дараҷа мерасад.

Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 15+20, рӯзона 32-37 ва дар шарқи  ин вилоят   шабона  8+10 ва рӯзона +23+25 дараҷа гарм мешавад.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон: барои довталабон давра ба давра пардохт намудани шартномаи таҳсил иҷозат дода мешавад

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ва директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Икромӣ бо котибони масъули комиссияҳои қабули муассисаҳои таҳсилоти миёна,  олии касбии ҷумҳурӣоид ба қабули ҳуҷҷатҳои довталабон баъд аз тақсимоти Маркази миллии тестӣ ва қабули ҳуҷҷатҳои довталабон барои идомаи таҳсилот ва гирифтани маълу

Страницы