Ширкати «Барқи Тоҷик» қатъшавии неруи барқро дар баъзе минтақаҳо ҳолати муваққатӣ арзёбӣ кард
Опубликовано чт, 18/10/2018 - 10:36 пользователем tvtШиркати Саҳомии Холдингии Кушодаи «Барқи Тоҷик» овоза дар бораи ҷорӣ намудани маҳдудияти неруи барқ дар ҷумҳуриро қатъиян рад намуд. Ба иттилои ширкат, қатъ шудани интиқоли неруи барқ, ки қариб як моҳ аст дар баъзе аз минтақаҳои ҷумҳурӣ мушоҳида мешавад, ба корҳои таъмирию омодагӣ ба фасли сармо вобаста аст.