Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво қисман камабри тағйирёбанда шуда, ҳарорат шабона муътадил боқӣ монда, рӯзона дар бештари ноҳияҳо то 35—38 дараҷа мерасад.
Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 15+20, рӯзона 32-37 ва дар шарқи ин вилоят шабона 8+10 ва рӯзона +23+25 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, дар водиҳо шабона +19+29 ва рӯзона +37+42 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои софу беғубор пешгӯӣ шуда, ҳаво дар водиҳо шабона +21+23 ва рӯзона +37 + 39 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, шабона +16 +21 ва рӯзона +37+39 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво софу беғубор шуда, шабона +16+21 ва рӯзона +35+40 дараҷа гарм мешавад.
АМИТ "Ховар"