Тоҷикистон ва ҷаҳон

Рустами Эмомалӣ ва Сафири Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд

Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳю Стенли Филпотт мулоқот намуд.
Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 26 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.

Беҳтарин мактаби сол, муаллими сол ва кӯдакистони сол дар Душанбе муайян гардиданд

Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ озмунҳои шаҳрии «Мактаби сол», «Директори сол», «Муаллими сол», «Кӯдакистони сол», «Мудири кӯдакистони сол», «Мураббии сол», «Синфи беҳтарини сол», «Волидайни беҳтарини сол» ва ҳавасмандгардонии ғолибону иштирокчиёни фаъоли озмунҳои касбии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардиданд.

Дар ин бора  аз  Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси пойтахт хабар доданд.

Страницы