Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳю Стенли Филпотт мулоқот намуд.
Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Британияи Кабир мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Иштирокчиёни мулоқот ба рушду густариши робитаҳои иқтисодӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, зикр намуданд, ки ҳамкории тиҷоративу иқтисодии ҷонибҳо дар марҳилаи рӯ ба тараққӣ қарор дорад.
Дар ҷараёни музокирот таъкид гардид, ки Департаменти Рушди Байналмилалии Британияи Кабир тасмим гирифтааст дар татбиқи “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе то соли 2025” саҳмгузорӣ кунад.
Ҷонибҳо омодагии худро барои бо сатҳу сифати нав ва мазмуни тоза пурра намудани ҳамкории дуҷониба ва таҳкими робитаҳои дӯстӣ миёни мардумони ду кишвар изҳор доштанд.
АМИТ "Ховар"