Тоҷикистон ва ҷаҳон

Дар Парлумони Озарбойҷон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии Иҷлосияи XVI таҷлил мегардад

10 ноябри соли равон бо ташаббуси Cафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Парлумони Ҷумҳурии Озарбойҷон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешаванд.

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зарифро, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Пагоҳ Конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Рисолати танзим-ислоҳоти маънавӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ» баргузор мегардад

Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони  «Рисолати танзим-ислоҳоти маънавӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ» доир мешавад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ,хабар доданд, конфронси мазкур 9 ноябр, соати 09:00 дар бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор  мегардад.

Страницы