Тоҷикистон ва ҷаҳон

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар тантанаҳои идонаи Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуд

Шоми дирӯз дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ҷамъомади бошукӯҳ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода иштирок карданд. Ҷамъомад бо садо додани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз гардид.

Имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон ҳаво абрноки бебориш мешавад

Имрӯз, 11 ноябр дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои абрноки бебориш дар назар дошта шудааст.  

Тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония вазида, ҳарорат дар водиҳо шабона 5-10 ва рӯзона 21-26 дараҷаро ташкил медиҳад.

Аҳамияти бузурги Иҷлосияи XVI дар он аст, ки сарнавишти халқи тоҷикро ба дасти шахсияти бузурги аср-Эмомалӣ Раҳмон супурд, -бардошт аз конференсияи илмӣ

Аҳамияти бузурги таърихии Иҷлосияи  XVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки сарнавишти халқи тоҷикро ба дасти шахсияти бузурги аср-Эмомалӣ Раҳмон супурд ва Сарвари давлат тавонист мардуми кишварамонро ба ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳу салоҳ расонад.

Страницы