Боздиди баронесса Элисон Мэри Сюти аз Парлумони Тоҷикистон
Опубликовано ср, 11/04/2018 - 10:09 пользователем tvtАъзои палатаи Лордҳо аз Ҳизби либерал-демократҳои Британияи Кабир, баронесса Элисон Мэри Сюти зимни сафараш ба Тоҷикистон аз Парлумони мамлакат боздид намуда, бо вакили Маҷлиси намояндагон Равшан Раҷабов мулоқот намуд. Дар ҷараёни мулоқот роҳҳои таҳкими ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Британияи Кабир баррасӣ шуда, дар ин самт пешниҳодҳои самарабахш ироа гардиданд.