Тоҷикистон ва ҷаҳон

«Академияи ВАО-и Тоҷикистон» барои кормандони телевизион ва радио давраҳои бозомӯзиро баргузор намуд

 Наздик ба 20 нафар  кормандони эҷодию техникии шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ баъди иштирок дар давраҳои бозомӯзӣ дар мавзӯъҳои «Танзими барномаҳо бо формати HD» ва «Санъати суханварӣ», ки  дар Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» баргузор шуданд,   соҳиби шаҳодатнома гардиданд.

Шиносоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои ободонию созандагӣ дар Боғи фарҳангию фароғатии “Дӯстии халқҳо”-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе

11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо рафти корҳои созандагию ободонӣ дар Боғи фарҳангию фароғатии “Дӯстии халқҳо” шинос шуданд.

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 11 апрели соли 2018 №181
ш. Душанбе

Дар бораи муовини Вазири маориф
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Давлатзода С.Х.

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Давлатзода Сайфиддин Хайриддин муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Страницы