Тоҷикистон ва ҷаҳон

Дар КМТ конфронси илмию амалии «Саҳми устод Айнӣ дар ҳифзи асолати забони тоҷикӣ ва бузургдошти фарҳанги суннатӣ» доир шуд

Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 140-солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ конфронси илмию амалӣ таҳти унвони «Саҳми устод Айнӣ дар ҳифзи асолати забони тоҷикӣ ва бузургдошти фарҳанги суннатӣ» баргузор гардид.

14-15 апрел дар боғҳои пойтахт чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мегарданд

Ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе аз соати 16 то 18 ва дар мавсими тобистон аз соати 18 то 20 дар боғҳои фарҳангӣ — фароғатии ҳудуди шаҳри Душанбе барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ, аз ҷумла, намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир мегарданд.

Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ ба мувофиқа расиданд

Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ ва шарикӣ байни  якдигар ба  мувофиқа расиданд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти  Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Страницы