Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе ба чорабиниҳои сатҳи баланд -нишасти сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва роҳбарони саммити раисони ҳукуматҳои Созмони ҳамкории Шанхай, ки соли равон дар Душанбе доир мегарданд, омодагии ҷиддӣ мебинад.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, дар ин росто бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахт барои таъмири асосии кӯчаҳои А. Дониш (аз VIP-зали ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» то буриши кӯчаи С.Айнӣ) ва кӯчаи С.Айнӣ (аз буриши кӯчаи А.Дониш то буриши хиёбони Рӯдакӣ)» ва таъмири асосии хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи С.Айнӣ то буриши кӯчаи Карамов) ҷиҳати интихоби пудратчии асосӣ озмун эълон карда шудааст.
Ҳамзамон роҳбарияти шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардидани шаҳри Душанбе ва омодагии ҳамаҷониба ба чорабиниҳои сатҳи баланд намои берунии бархе аз биноҳои баландошёнаеро, ки дар ҷодаҳои марказии пойтахт воқеанд, таъмиру навсозӣ намояд.
АМИТ "Ховар"