Наздик ба 20 нафар кормандони эҷодию техникии шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ баъди иштирок дар давраҳои бозомӯзӣ дар мавзӯъҳои «Танзими барномаҳо бо формати HD» ва «Санъати суханварӣ», ки дар Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» баргузор шуданд, соҳиби шаҳодатнома гардиданд.
Аз муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар машғулияти омӯзишии «Танзими барномаҳо бо формати HD» мутахассиси соҳа Маъруфҷон Оқилов ҳайати техникии шабакаҳои телевизионӣ аз ҷумла, танзимгаронро бо формати дақиқияташ баланд (HD) шинос намуда, таҳияи барномаҳо ва гузоришҳоро бо технологияи мазкур омӯзонид.
Инчунин, донишманди тоҷик, профессор Баҳриддин Камолиддинов ва яке аз наттоқони варзида ва собиқадори радио Зевар Ҷӯраева дар семинари омӯзишии «Санъати суханварӣ» наттоқони шабакаҳои телевизиониро бо истифодаи дурусти калимаҳои забони тоҷикӣ ва техникаи талаффузи овоз шинос намуданд.
Пас аз хатми машғулиятҳои бозомӯзӣ ба иштирокчиён шаҳодатнома супорида шуд.
АМИТ "Ховар"