Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим раиси Комиссияи миллии ТРАСЕКА таъйин шуд
Опубликовано ср, 21/10/2020 - 14:15 пользователем admin2Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ҳамзамон раиси Комиссияи миллии Тоҷикистон дар Долони байналмилалии нақлиётии Аврупо – Осиё – Қафқоз, Қафқоз — Осиё – (ТРАСЕКА) таъйин гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати нақлиёти мамлакат иттилоъ медиҳад.