Дар ҳошияи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея 26 ноябр вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Раиси Кумитаи робитаҳои байналмилалии Парлумони Корея Сонг Ёнг Гил баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар вохӯрӣ ҷонибҳо тақвияти ҳамкории байнипарлумонӣ, ҳамзамон тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, гидроэнергетика, маъдан ва фарҳангу гуманитариро муҳим арзёбӣ намуданд.
АМИТ «Ховар»