26 ноябр дар ҳошияи сафари расмӣ вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Чон Се Гюн баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот С.Муҳриддин таъкид намуд, ки ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Корея, аз ҷумла дар чорчӯби Форуми ҳамкории «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» ва дигар абзорҳои ҳамкории минтақавӣ барои Тоҷикистон аҳамияти вижа дорад. Зикр шуд, ки Тоҷикистон Форумро ҳамчун як василаи муҳими рушд ва таҳкими шарокат байни кишварҳои узви он арзёбӣ мекунад.
Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи тавофуқоти дар доираи сафарҳои сатҳи олӣ бадастомада, танзими чорабиниҳои муштарак дар сиғаҳои гуногун, имзои санадҳои нави дуҷониба, густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва илмию техникии ду кишвар, тавсеаи муносибатҳои байнипарлумонӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноату энергетика, фарҳангу гардишгарӣ ва муҳоҷирати кориро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Инчунин дигар масъалаҳои марбут ба тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея дар чорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва ҳамкории ду кишвар дар соҳаи мубориза бо ҳамагирии Ковид-19 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
АМИТ «Ховар»