Шабакаҳои барқи минтақаи Рашт: 10 адад трансформатор бо тавоноии 2,9 МВА насб гардид
Опубликовано чт, 22/10/2020 - 11:05 пользователем admin2Шабакаҳои барқи минтақаи Рашт то имрӯз тамоми иншооти барқиро дар ноҳияҳои Сангвору Лахш, Тоҷикободу Рашт ва Нуробод аз таъмири асосӣ бароварда, миқдори муайяни таҷҳизоти зарурӣ захира карда, инчунин дар панҷ ноҳия 6 адад трансформатори пурборро ба трансформаторҳои иқтидорашон баланд иваз намуданд.