Хабар

Бунафша Файзиддинзода дар Амрико дар ҷаласаҳои сатҳи баланд ба хотири дифои ҳуқуқу манфиатҳои занон иштирок намуд

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода дар ҷаласаи навбатии Комиссия оид ба мақоми зан таҳти унвони «Тезонидани раванди ноил шудан ба баробарии гендерӣ ва тавонмандсозии ҳамаи занону духтарон тавассути ҳалли мушкилоти камбизоатӣ ба дурнамои гендерӣ» иштирок намуд.  

Ҷаласаи навбатӣ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Иттиҳодияи Истеҳсолии Нассоҷии Тоҷик» шинос шуданд

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Иттиҳодияи Истеҳсолии Нассоҷии Тоҷик» шинос шуданд.  

ШАҲРИ ГУЛРЕЗАМ, ДУШАНБЕ! Пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни Наврӯз сарсабз мегардад

Бахшида ба ҷашни Наврӯз Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе дар доираи амалишавии 900 рӯзи ободонӣ дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо, назди корхонаву ташкилот, муассисаҳои оливу миёна, вазоратҳо ва идораҳо ҳашари умумишаҳрӣ баргузор намуда, ба маъракаи ниҳолшинонӣ тақвият мебахшад.

Страницы