Президенти Ҷумҳури Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ мулоқот намуданд
Опубликовано чт, 16/01/2025 - 22:02 пользователем tvtДУШАНБЕ, 16.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. 16 январ Президенти Ҷумҳури Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён, ки бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мулоқот намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.