Хабар

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 29 феврали соли 2024 №117
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи директори Институти математикаи ба номи
А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
озод намудани Раҳмонов З.Ҳ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Раҳмонов Зарулло Ҳусенович бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озод карда шавад.

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон се нафарро аз зери тарма бароварданд

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асари боришоти  шадид панҷ ҳодисаи лағзиши тарма ва ду ҳодисаи резиши санг сабт шуда, дар ин офати табиӣ талафоти ҷонӣ набуд. 

Чунончӣ, 17 феврал дар километри 550-уми шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ, ки аз ҳудуди шаҳраки Химбихсени Ҷамоати деҳоти Пастхуфи ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  мегузарад, лағзиши тарма сабт шуд.

УСТОДИ ФАЛАК, ҶОНИ ФАЛАК ТАРКИ ФАЛАК ГУФТ! Сурудҳои Давлатманд Холов ганҷинаи тиллоии миллат барои наслҳои оянда мебошанд

Санъати «Фалак» хазинаи нодири миллати тоҷик  аст, ки савту таронаҳои он бо манзалату маърифаташон дар замири инсон фазилатҳои накӯӣ, ватанпарастӣ, хештаншиносиро бедор намуда, ҷаҳони андеша ва зеҳниятро ҷилои нав мебахшанд ва таҳвили бегазанди ин ганҷинаи тиллоии миллат барои наслҳои оянда вазифаи муқаддаси ҳар фарди ватандӯст мебошад. Ин рисолатро дар баробари дигар ҳунармандони маъруф ҳамзамон устод Давлатманд Холов низ содиқона иҷро намудааст.

Страницы