Дар Тоҷикистон Кодекси тандурустӣ қабул карда мешавад
Опубликовано вт, 16/08/2016 - 12:38 пользователем tvtОяндаи наздик дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад. Дар робита ба ин, имрӯз дар ҷаласаи нахустини Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки баъди таътили тобистонаи вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон доир гардид, лоиҳаи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуд.