Терроризми байналмилалии муосир ва экстремизми динӣ ба амнияти тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид мекунад

Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо ҳаракати ҷамъиятии «Дӯстони Русия» дар мавзӯи «Таҳдиду хатарҳои нав аз тарафи ДИИШ барои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ» ҳамоиш баргузор гардид.
Дар он коршиносони мустақил, намояндагони гурӯҳҳои ҷамъиятӣ, кормандони вазорату идораҳои дахлдор, инчунин намояндагони корпуси дипломатӣ ширкат варзиданд.
Дар ҳамоиш зикр гардид, ки терроризми байналмилалии муосир ва экстремизми динӣ ба хатари ҷаҳонии муосир табдил ёфтааст ва он ба амнияти тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид мекунад.
Зимни муҳокима ба масъалаи фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар соҳаи мубориза ва пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба терроризм ва экстремизм таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд. Намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати ҳозиринро ба нақши технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, ки аз тарафи экстремистон фаъолона бо мақсади ҷалби ҷавонон ба сафҳои худ истифода мешавад, ҷалб намуд.
Ҳамчунин вазъияти ҳарбию низомӣ дар кишварҳои Шарқи Наздик мавриди мубоҳисаи васеи коршиносон қарор гирифт. Аз тарафи онҳо сенарияҳои эҳтимолии руди вазъият дар Сурия, Ироқ ва Афғонистон дар робита ба ҳамкории ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза алайҳи ДИИШ пешгўйӣ карда шуд.
Инчунин зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз иштирокдорони фаъоли мубориза алайҳи таҳдиду хатарҳои нав ба монанди экстремизм ва терроризми байналмилалӣ мебошад.
Дар хотимаи мизи гирд иштироккунандагон якдилона изҳор доштанд, ки бо терроризми байналмилалӣ ва экстремизми динӣ бояд дар миқёси ҷаҳон мубориза бурда шавад, зеро он дар ду бадбахтии умумии тамоми инсоният аст.

АМИТ «Ховар»

Tags: