Дар даври ниҳоии Фестивал- озмуни «Андалеб-2016» ҳаваскорони шаҳри Роғун 93,2 хол ба даст оварданд
Опубликовано пн, 15/08/2016 - 16:24 пользователем tvtДар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев дар даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016», ки аз 12 август оғоз гардида, то 23 августи соли равон идома меёбад, ҳаваскорони шаҳри Роғун намунаи ҳунарҳои мардумиро намоиш дода, бо барномаи консертӣ хотири ҳаводорони мусиқиро шод гардониданд.