Хабар

Барқияи тасаллияти Пешвои миллат ба Президенти Ҷумҳурии Фаронса Франсуа Жерар Жорж Олланд

Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Фаронса Франсуа Жерар Жорж Олланд барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

«Ҷаноби Олӣ,

Дар ҳамлаи Нитса зиёда аз 80 нафар кушта шудааст

Дар Нитса, шоми 14 июл як ҳамлаи террористӣ анҷом дода шуд. Дар ин ҳамлаи  хунин на камтар аз 80 нафар ба ҳалокат расиданд, иттилоъ медиҳад шабакаи телевизионии BFM TV.
«Бино ба маълумоти сарчашмаҳои гуногун, теъдоди қурбониён на камтар аз 80 нафарро ташкил медиҳанд»,-гуфта мешавад дар паёми телевизионии шабака.

Тими мунтахаби миллии футболи мамлакат дар радабандии нави ҷаҳонӣ 19 зина боло рафт

Тими мунтахаби футболи  Тоҷикистон дар радабандии нави FIFA аз зинаи 164 ба 145 баромад. Ин болоравӣ аз натиҷаи бозиҳои расмие, ки дастпарварони сармураббии тозаинтихоби тими миллии  кишварамон Ҳаким Фузайлов дар баробари тими мунтахаби Бангладеш 2 июн (5:0) дар шаҳри Душанбе ва 7 июн (1:0) дар Дакка дар бозиҳои плей-оффи Ҷоми Осиё-2019 ба даст оварданд, натиҷагирӣ мешавад.

Страницы