Дар оянда дар Тоҷикистон суғуртаи тиббӣ ҷорӣ карда мешавад
Опубликовано пн, 18/07/2016 - 20:31 пользователем tvt«Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда суғуртаи тиббӣ ҷорӣ карда мешавад». Дар ин бора Назокат Одиназода, муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 июл ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Мавсуф вобаста ба роҳандозӣ намудани суғуртаи тиббӣ дар Тоҷикистон таъкид кард, ки мақомоти салоҳиятдор дар ин масъала Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.