Хабар

Манъи ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар маркази пойтахт вобаста ба тамрин

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт то 18 августи соли равон ба муддати се соат -15:00 то 18:00 дар  роҳи мошингарди хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ва аз 19 август то 7 сентябр аз  соати 19:00 то 22:00 дар хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи Шотемур то буриши кӯчаи Бухоро, майдони «Дӯстӣ») ғайр аз рӯзҳои якшанбе  манъ карда мешавад.

Кӯлоб: Маркази миллии тестӣ саргардонии волидайну довталабон ва хароҷотро даҳ баробар кам кардааст

Бино ба иттилои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 теъдоди умумии довталабони азқайдгузашта зиёда аз 83 500 нафарро ташкил медиҳад.
Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар 15 шаҳру ноҳияи интихобии ҷумҳурӣ дар 43 маркази имтиҳоние, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, баргузор мегарданд.

Мулоқоти Пешвои миллат бо иҷрокунандаи вазифаи Директори минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ хонум Мариам Шерман

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷрокунандаи вазифаи Директори минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ хонум Мариам Шерманро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Страницы