Парлумон ба Кодекси андоз тағйирот ворид менамояд

Парлумони Тоҷикистон ояндаи наздик ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид менамояд. Масъалаи мазкур 10 октябр дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони мамлакат, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ доир гардид, баррасӣ шуд.
Дар ҷаласаи Шӯро ҳамзамон лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори қоғазҳои қиматнок», «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», «Дар бораи байторӣ», ворид намудани тағйиру иловаҳо ба «Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба «Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба «Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокима гардиданд.
Дар ҷаласаи Шӯро ҳамзамон Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва мубориза бар зидди терроризм, Созишномаи грантӣ оид ба Лоиҳаи беҳтар намудани таҷҳизоти нигоҳдории роҳ дар вилояти Суғд ва қисмати шарқии вилояти Хатлон байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ, Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Таъминоти оби Тоҷикистон II- Хоруғ, ВМКБ» баррасӣ шуданд.
Дар хотимаи ҷаласаи Шӯро қисме аз масъалаҳо барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: