9 ноябри соли 2016 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Котиби давлатӣ – муовини Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Григорий Карасинро, ки ҷиҳати иштирок дар машваратҳои байниидоравии сиёсӣ миёни Тоҷикистону Русия ба шаҳри Душанбе ташриф овард, ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз ВКХ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Зимни мулоқот ҷонибҳо рушди мунтазами муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия бо қаноатмандӣ таъкид карда, роҷеъ ба дурнамои самтҳои ҳамкории мутақобилан судманд табодули афкор намуданд. Баъд аз мулоқот машваратҳои сиёсӣ оид ба мавзӯи дурнамои ҳамкории дуҷониба ва вазъ дар Осиёи Марказӣ баргузор шуд. Ҳайати ҷониби Тоҷикистонро муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшариф Ҳақдод роҳбарӣ кард.
АМИТ «Ховар»