Хабар

Шукурҷон Зуҳуров: «Шарикии стратегӣ ва муттаҳидӣ бо Русия аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст»

Масъалаи дар сатҳи баланд ба роҳ мондани ҳамкории гуногунсоҳаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Русия дар меҳвари мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Валентина Матвиенко, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия дар Душанбе қарор гирифт.

Дар Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-2016» оғоз шуд

Дар ин лаҳзаҳо дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-2016» дар доираи Рӯзи соҳибкор, ки ҳамасола 14 октябр дар мамлакат ҷашн гирифта мешавад, ба кори худ оғоз кард. Пеш аз оғози форум меҳмонон аз намоишгоҳи молу маҳсулоти соҳибкорони ватанӣ дидан намуданд.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Арманистон Серж Саргсян

Бегоҳии рӯзи 13-уми октябри соли равон дар шаҳри Ереван мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Арманистон Серж Саргсян баргузор шуд.

Дар мулоқот маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Арманистон баррасӣ гардиданд.

Страницы