Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҳайати Бонки аврупоии таҷдид ва рушд таҳти роҳбарии Директори Бонки мазкур оид ба Осиёи Марказӣ Нил Маккейн мулоқот намуд.
Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории молиявии дуҷониба байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар вохӯрӣ аз сатҳи кунунии равобити дуҷониба дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, дастгирии сохтори бонкӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, таъминоти об ва дастгирии бахши хусусӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ҷонибҳо омодагию ҳавасмандии худро барои ба сатҳи сифатан нав расонидани ҳамкорӣ дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ таъкид намуданд.
Дар мулоқот ҳамзамон Намояндаи доимии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ричард Ҷонс иштирок намуд, ки муҳлати ваколаташ дар ин вазифа ба итмом расидааст.
АМИТ «Ховар»