Хабар

Зафаробод: Захираи 282 тонна ангишт барои давраи зимистон

Баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017» дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Зафаробод захиракунии маводи сӯхт ба анҷом расид.

Милитсияи тоҷик дар тӯли 25 соли Истиқлолияти давлатӣ ба пешравиҳои бузурги кадриву техникӣ ва низомӣ ноил гардид

Дирӯз зимни сафари кории худ ба вилояти Суғд Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилии вилоят вохӯрӣ доир намуд. Дар мулоқот роҳбарони шуъбаву хадамоти дастгоҳи марказӣ ва ҷузъу томҳои ин вазорат дар вилоят иштирок намуданд.

Рӯзҳои охири ҳафтаи равон обу ҳаво номусоид мегарданд

Мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои наздик дар ҷумҳурӣ то 10 -12 дараҷа пастшавии харорати ҳаворо пешгӯӣ менамоянд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз агентии мазкур хабар доданд, 3 -4 ноябр дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, дар баъзе ҷойҳо борони шиддатнок ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф дар назар дошта шудааст.
Новобаста аз он, ки 5-6 ноябр ҳавои бебориш дар назар дошта шудааст, аммо дар ин рӯзҳо сардии ҳарорати ҳаво боқӣ мемонад.

Страницы