Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Ваҳдат 524 ҳазору 387 сомониро ташкил дод

Соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Ваҳдат 524 ҳазору 387 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 86 ҳазору 267 сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори раёсати кишоварзии шаҳр Давлат Холиқов иттилоъ дод.
«Дар ин давра дар ҳамаи бахшҳо 39 897 тонна ғалладона, 22 263 тонна картошка, 65 052 тонна сабзавот, 405 тонна пахта, 1291 тонна зағир, 2414 тонна маҳсулоти полезӣ ва 13 555 тонна меваҷот истеҳсол карда шудааст. Инчунин дар асоси дурнамои кишти тирамоҳӣ кишоварзони шаҳр дар 5608 гектар ғалладона ва дар 150 гектар сабзавот кишт намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кишти ғалладона 691 гектар зиёд мебошад»,-иброз дошт Давлат Холиқов.

АМИТ «Ховар»

Tags: