Хабар

Дар китобхонаи ба номи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон китобҳои тозанашр муаррифӣ шуданд

Дар китобхонаи вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳин дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон муаррифии китоби тозанашри Асосузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат — ҳастии миллат» баргузор гардид. 
«Иштирокдорон пеш аз оғози маҳфил аз намоиши китоб дар мавзӯъҳои «Пешвои мо- ифтихори мо» ва «Чеҳраҳои мондагори таърих» дидан намуданд»,-хабар дод манбаъ.

Имрӯз дар Бишкек ҷаласаи 15-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба баррасии маҷмӯии масоили ҳамкории дуҷониба доир мегардад

Имрӯз дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи 15-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба баррасии маҷмӯии масоили ҳамкории дуҷониба баргузор мегардад.
Ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори ин ҷаласа бо роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим иштирок мекунад.

Дар ноҳияи Файзобод озмуни «Рӯзи парчами давлатӣ» баргузор шуд

Субҳи имрӯз бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ дар Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасони ноҳияи Файзобод озмуни ноҳиявии «Рӯзи парчами давлатӣ»- и Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Страницы