Дар вилояти Суғд лагери зимистона барои волонтёрони ҷавон ба фаъолият оғоз намуд

Имрӯз гурӯҳи 80-нафараи ҷавонон бо мақсади иштирок дар дуюмин лагери зимистонаи ҷумҳуриявии «Мактаби рушди волонтёрони ҷавон» ба мавзеи Шоҳини шаҳри Гулистони вилояти Суғд сафарбар шуданд. 
Аҳтам Абдуллозода, Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокдорони лагерро ба муносибати бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2017-соли ҷавонон табрик намуда, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки ҷавобан ба таваҷҷуҳи Пешвои миллат масъулияти баланди шаҳрвандиро эҳсос намуда, баҳри ободии диёр ва муаррифии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ҷаҳду талош варзанд.
Лагер бо иштироки 100 нафар ҷавонони фаъол, аз ҷумла волонтёрони Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Клуби волонтёрони назди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, гирандагони Стипендияи президентӣ, рўзноманигорони ҷавон ва ҷавонони ташаббускор аз шаҳру ноҳияҳои кишвар то 3 январи соли 2017 идома меёбад.
Хотиррасон менамоем, ки дар лагер баргузории барномаҳои гуногуни илмӣ, маърифатӣ, интерактивӣ, варзишӣ, фарҳангию фароғатӣ, сайёҳат ба мавзеъҳои таърихиву фарҳангии шаҳри Хуҷанд ва мулоқот бо роҳбарони сохторҳои гуногуни давлатӣ сурат мегирад.
Лагери мазкур идомаи ташаббусҳои навбатии Кумита дар самти рушди ҳаракати волонтёрӣ буда, он дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон амалӣ мегардад.

АМИТ "Ховар"

 

Tags: