Хабар

Ҳайати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ барои ширкат дар ҷаласаи байнидавлатии ИДМ ба Маскав рафт

Дирӯз ҳайати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии муовини аввали раиси Кумита Рустам Шоҳиён ҷиҳати ширкат дар ҷаласаи байнидавлатии Шӯрои ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногении кишварҳои ИДМ ба Маскав сафар кард.

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон тасдиқ карда шуд

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба сохтмони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тасвиб расониданд.

Страницы