Хабар

Ҳалокати 34 нафар зимни садамаи нақлиётӣ дар Тайван

Дар Тайван  бар асари ба садама дучор шудани нақлиёти мусофирбар 34 нафар ба ҳалокат расида, 12 каси дигар ҷароҳат бардоштанд.
Ба иттилои расонаҳо ҳодиса дар минтақаи Тайбей ба қайд гирифта шудааст.
Гуфта мешавад, автобуси сайёҳӣ  ҳангоми баргаштан аз минтақаи Тайчлун аз роҳ берун гардида, чаппа шудааст. Ҳангоми ҳодиса дар дохили нақлиёти мусофирбар 44 нафар қарор доштанд.

Соҳибкорони тоҷику турк дар Душанбе ба ҳам меоянд

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти Туркия ҳамоиши тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистону Туркияро доир менамояд.
Дар ин бора Палатаи савдо ва саноати кишвар хабар дода меафзояд,ки ҳамоиш 16 феврали  соли равон соати 11:30 дар меҳмонхонаи «Шератон» бо иштироки муовини Сарвазири Туркия баргузор хоҳад гашт.

Ифтитоҳи консулгариҳои нави Тоҷикистон дар Русия

Дар шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Новосибирски Федератсияи Русия консулгариҳои генералӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода шудааст.
Дар ин хусус дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар дода, меафзояд, ки
Давлаталӣ Назризод консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ва Шамсиддин Зардӣ консули генералии Тоҷикистон дар Новосибирск таъйин гардиданд.

Страницы