Хабар

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолон ва масъулони соҳаҳои гуногуни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Имрӯз дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолон ва масъулони соҳаҳои гуногуни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сокинони шаҳри Душанбе

Ҳамватанони арҷманд!
Ҳозирини гиромӣ!

Ҳадафи мулоқоти мо бо шумо, вакилони мардумӣ, роҳбарону фаъолон ва намояндагони сокинони шаҳри Душанбе, ҳамчунин, аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони сохтору мақомоти назди Президент ва Ҳукумат, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳои давлативу тиҷоратӣ ва соҳибкорону тоҷирон баррасии вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ, мушкилоти мавҷудаи пойтахт ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо мебошад.

Страницы