Муборизаи ҷавондухтарон барои ҷоми “Пойтахт”
Опубликовано ср, 15/02/2017 - 10:18 пользователем sanjarКумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар бори нахуст мусобиқаҳои кушоди ҷумҳуриявӣ аз намудҳои гӯштини миллӣ, пойга (аспдавонӣ), тенниси калон ва волейболро миёни ҷавондухтарон барои дарёфти ҷоми “Пойтахт”доир хоҳад кард.
Ба иттилои дафтари матбуотии Кумита мусобиқаҳои мазкур бо мусоидати бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ роҳандозӣ шудаанд.