Шодию хурсандии сокинони ҷамоати деҳоти Рованди ноҳияи Ванҷ имрӯзҳо ҳадду канор надорад. Соли гузашта бар асари ҷорӣ шудани сел шабакаи обрасонию дастгоҳҳои барқии неругоҳи хурди Техарв комилан хароб гардиданд ва акнун баъди як соли таъмиру таҷдид зиёда аз 600 хонаводаи водии Ванҷи боло дуюмбора соҳиби неруи барқ шуданд. Сармутахассиси ширкати «Помирэнерҷӣ» Қурбоналӣ Сабзалиев гуфт, ки «мутобиқи нақша чархҳои неругоҳи мазкур бояд дар охири моҳи ноябр ба кор андохта мешуданд, аммо зимистони имсола хеле сербориш омад ва ғафсии барф аз якуним метр ҳам баландтар шуд. Ба ҳамин сабаб ифтитоҳи неругоҳ се моҳи дигар ба таъхир афтод. Аммо мо хушҳолем, ки дар остонаи ҷашни Наврӯз хонаи сокинони ҷамоати деҳоти Рованд равшан шуд».
Иқтидори неругоҳи барқии Техарв 300 квт буда, он дар аввали солҳои 90-ум бунёд шудааст. Ширкати «Помирэнерҷӣ» барои таъмиру таҷдиди неругоҳ 383 ҳазор доллари амрикоӣ ихтисос дод.Чархҳои тавлидкунандаи барқ мутобиқи дархости ширкат дар давлати Чин сохта шудаанд.
Муҳандиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сахо Шо» Носир Раззоқов изҳор намуд, ки аксарияти коргарони сохтмонро ҷавонони маҳаллӣ ташкил додаанд ва онҳо кӯшиш карданд, ки корҳои сохтмониро бо сифати хуб ба анҷом расонанд. Умед дорем, ки ин неругоҳ солиёни зиёд бе нуқсон кор хоҳад кард.
Ин дуюмин неругоҳи хурди барқист, ки дар ду ҳафтаи охир мавриди истифода қарор мегирад. Як ҳафта пеш чунин неругоҳ дар ҷамоати Язгуломи ин ноҳия ба кор андохта шуд. Ҳамзамон ҳарду неругоҳ ба низоми ягонаи барқи ҷумҳурӣ пайваст шуданд.
АМИТ «Ховар»