Хабар

Ғалабаи «Истиқлол» бар «Дордой» мухлисонро шод кард

istiqlol.jpgДирӯз дар Варзишгоҳи марказии пойтахт чемпиони Тоҷикистон — «Истиқлол»-и Душанбе дар даври аввали Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) дар гурӯҳи «D» бар дастаи «Дордой»-и Қирғизистон бо натиҷаи 2:0 ғолиб омада, 16,5 ҳазор мухлисони дар варзишгоҳбуда ва миллионҳо тамошобинони телевизионро шоду масрур гардонид.

Арзишҳои Наврӯзи ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ мегарданд

Арзишҳои бузурги ҷашни байналмилалии Наврӯз имрӯз дар Душанбе зимни ҳамоиш дар мавзӯи «Наврӯз падидаи фарҳангӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ» баррасӣ мегардад.
Ҳамоиш бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми кишвар гузаронида мешавад.

Ширкатҳои дӯзандагии Тоҷикистон роҳҳои афзалиятноки фурӯши яклухтро меомӯзанд

Имрӯз ширкати маъруфи русии «Fashion Consulting Group» барои намояндагони ширкатҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон дар Душанбе давраи омӯзишии дурӯза оғоз менамояд.

Страницы