35 нафар соҳибкорон ҷиҳати гирифтани қитъаи замин барои сохтмони мактаб ва кӯдакистони хусусӣ ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд муроҷиат намуданд. Ҳоло дархостҳои воридгардида аз ҷониби масъулин ва сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо мавриди баррасӣ қарор доранд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар семоҳаи аввали соли равон бобати таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ, маводи таълимӣ ва фароҳам овардани шароит барои ҳунаромӯзии хонандагон тадбирҳои судманд роҳандозӣ намуд. Барои маблағгузории соҳаи маориф дар ин давра 165 миллиону 3 00 ҳазор сомонӣ сарф гардидааст, ки нисбат ба соли сипаришуда 35 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар соли таҳсили 2016-2017 шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ даҳ адад ва теъдоди хонандагон 17 ҳазору 367 нафар зиёд гаштанд. Зиёдшавии муассисаҳо аз ҳисоби табдил додани бахшҳо ба муассисаи алоҳида (4 адад) ва сохтмони муассисаҳои таълимии нав ба амал омадааст.
Соли ҷорӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо сохтмон ва таъмиру навсозии 45 иншооти соҳаи маориф ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ дар онҳо бомаром идома доранд.
АМИТ "Ховар"